Президентҳо дар марз дидор мекунанд

Интизор меравад Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Ҷеенбеков, раисони ҷумҳури Тоҷикистону Қирғизистон пагоҳ, 26 июл дар дар минтақаи марзии Ворух-Оқсой мулоқот кунанд.

Интизор меравад Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Ҷеенбеков, раисони ҷумҳури Тоҷикистону Қирғизистон пагоҳ, 26 июл дар дар минтақаи марзии Ворух-Оқсой мулоқот кунанд.

Ин дидори президентҳои ду кишвари ҳамсоя дар ҳоле анҷом мешавад, ки дар зарфи се рӯзи ахир ин минтақа саҳнаи муноқишаҳои сокинони Исфара ва Бодканд буд.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 25 июл иттилоъ дод, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Ҷеенбеков дар минтақаи марзии Ворух-Оқсой бо сокинони маҳаллӣ вохӯрӣ анҷом дода ва сипас, дар шаҳри Исфара гуфтугӯҳои худро идома медиҳанд.

Ҳукумати Қирғизистон низ хабар додааст, ки интизор меравад Сооронбой Ҷеенбеков 26 июл ба манотиқи марзии Бодканд ва Исфара сафар кунад.

Рафтуомад аз маркази шаҳри Исфара ба самти ҷамоати Ворух сар аз субҳи панҷшанбеи 25 июл аз сар гирифта шуд. Ҳаракат дар ин масир дар пайи муноқишаи рӯзи 22 июл, қатъ шуда буд.

Иқбол Тешаев, сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара гуфт, ки боз шудани роҳ, натиҷаи музокироти дурӯзаи мақомоти баландпояи ду кишвар мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *