Президент Омурбек Текебоевро авф мекунад
Сооронбой Ҷеенбеков, президенти Қирғизистон гуфт, ки омодааст, вакили пешини порлумони ин кишвар Омурбек Текебоевро авф кунад.
Ба гуфтаи вай, раиси ҳизби «Ота Макон» то замони сари қудрат омадани вай зиндонӣ шуда буд. «Ҳамаи зинаҳои додгоҳӣ парвандаи ӯро бозбинӣ кардаанд, ҳукм содир шудааст. Ман наметавонам дахолат кунам. Роҳи ягона ин аст — агар вай дархости авф кунад, ман омодаам, иқдом намоям. Ман салоҳияти дигар надорам», — гуфт Ҷеенбеков.
Раиси Ҳизби «Ота Макон», вакили порлумони Қирғизистон Омурбек Текебоев ва ҳамҳизби ӯ — сафири пешини ин кишвар дар Куриёи Ҷанубӣ Дуйшенқул Чотонов моҳи феврали соли 2017 боздошт шуданд.
Текебоев дар асоси баёноти шаҳрвандони Русия Алексей Модин ва Леонид Маевский боздошт гашт, ки гуфтанд, ба ӯ барои кумак дар харидани саҳмияҳои ширкати қирғизии «Мегаком» 1 миллион доллар додаанд.
Додгоҳи олии Қирғизистон 21 ноябри соли 2017 Текебоев ва Чотонов, ҳар кадомро ба 8 соли зиндон ва мусодираи амвол маҳкум кард.
Текебоев парвандаашро дорои ангезаи сиёсӣ меномад. Вакили мудофеи вай Искен Афидҷонов пештар аз ин гуфта буд, ки сиёсатмадори зиндонӣ тасмим надорад, аз президент дархости авф кунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ