Президент: Қонунҳоро хизматчиёни давлатӣ риоя намекунанд
Президенти Тоҷикистон аз риоя нагардидани қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» дар кишвар ба вижа аз сӯи хизматчиёни давлатӣ нигаронӣ кардааст. Дар маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон, ки рӯзи 27 апрел баргузор шуд, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки дар аксари ҳолатҳо вайронкунандагони ин қонун афроди мансабдор, аъзои ҳукумат, вакилони Маҷлиси намояндагон ва хизматчиёни давлатӣ ва ҳамчунин фарзандону наздикони онҳо мебошанд.Президент ҳамчунин гуфтааст, ки ин афрод берун аз муқаррарот худсарона маъракаҳои бошукӯҳ баргузор намуда ва дар қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намекунанд ва монеи рафтани фарзандонашон ба дарс бо мошинҳои гаронбаҳо намешаванд.Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки аз ин ба баъд дар сурате, ки аъзои ҳукумат, вакилони парлумон, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, хизматчиёни давлатӣ, фарзандон ва хешовандони наздикони онҳо чунин амалро такрор кунанд, муҷозот мешаванд.Ин амал метавонад то аз вазифа озод кардани хизматчиёни давлатӣ ва аз донишкадаву донишгоҳҳои кишвар ихроҷ кардани фарзандони онҳо, мунҷар шавад
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ