Президент: Овозаҳо ҳақиқат надоранд
Овозаҳо дар мавриди бемории Президент бардурӯғ буданашро иштироки имрӯзаи Ҷаноби олӣ дар маросими ифтитоҳи бинои нави мактаби таҳсилоти умумии дар ноҳияи Рӯдакӣ собит мекунад. Субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар маросими кушодашавии Мактаби таҳсилоти умумӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ, ки яке аз калонтарин ноҳияҳои ҷумҳурӣ мебошад ташриф овард. Мактаби мазкур дар ду баст барои ба таълим фаро гирифтанихонанадагон бо 1280 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст. Ёдовар мешавем, ки қаблан дар баъзе расонаҳо хабари гӯиё хуб набудани вазъи саломатии Президент паҳн шуда буд, ки байни мардум сару садоҳои зиёдеро ба бор овард.
Чанд рӯз боз дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтугузорҳое буданд, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шоми 27 сентябр шадидан мариз шудааст. Бархе навиштанд, ки ӯро барои муолиҷа ба хориҷ – ё ба Олмон, ё ба Исроил бурдаанд. Ҳарчанд пас аз ин шоми 1 октябр дар барномаи «Ахбор”-и телевизиони давлатӣ гузориши муфассали видеоӣ дар бораи сафари кории президент Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Хуросон ва боздидаш аз боғи «Пешвои миллат” дар хоҷагии деҳқонии «Асадулло” нашр шуд, аммо ин гузориш низ натавонист сару садоҳоро рад кунад, зеро вай асосан бо наворҳои бойгонӣ пур карда шуда буд. Ва инак ин ширкати Президент дар маросими ифтитоҳ ҳамаи ин овозаҳои беасос ва бадхоҳонаро қатъан рад кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ