Президент пахтачиниро оғоз кард
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар ҷараёни сафараш ба вилояти Хатлон расман мавсими пахтачинӣ дар шаҳру ноҳияҳои ин кишварро оғоз бахшид. Президент зуҳри имрӯз, панҷшанбеи 25 август зимни чидани пахта дар саҳрои хоҷагии ба номи Файзалӣ Саидов ба ин маърака оғоз бахшида ва баъдан кишварзони хоҷагӣ ба ҷаъмоварии маҳсули пахта шуруъ карданд. Абдулмӯъмин Улфатов, сардори Раёсати кишоварзии вилояти Хатлон гуфтааст,ки бо ташрифи Президент дар тамоми хоҷагиҳои деҳқонӣ пахтачинӣ эълон шуд. Ба гуфтаи ӯ, ҳамзамон президент аз “Дастурхони кишоварзони Хатлон” хуб пазироӣ кард. Дар ин намоишгоҳи кишоварзони хатлонӣ садҳо килограмм меваю сабзавот ба маърази фурӯш гузошта шуда буд, бо нархи нисбатан арзон барои сокинони шаҳри Қурғонтеппа ва меҳмонон фурӯхта шуд.Сафари Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Хатлон идома дорад ва пагоҳ президент аз ноҳияи Ҷалолиддини Бахлӣ дидан хоҳад кард. Интизор меравад, бо ширкати ӯ як қаттор иншоотҳои ҷашнӣ мавриди истифода қарор бигиранд. Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон, дирӯз 24 август сафари кории худро бо мавриди истифода додани роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб дар маркази шаҳри Қурғонтеппа аз вилояти Хатлон оғоз бахшид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ