Президент Пол Росс — ро ба ҳузур пазируфт
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳури Тоҷикистон, бо Пол Росс — намояндаи Сандуқи байналмилалии пул — масъалаи ҳамкориҳои Душанбе бо ин созмони ҷаҳонии молиро баррасӣ кардааст. Дафтари матбуоти президент гуфт, мулоқот рӯзи 10 январ дар Душанбе сурат гирифта, Пол Росс раҳбари миссияи Сандуқи байналмилали пул оид ба Тоҷикистон аст. Ба иттилои манбаъ, оқои Раҳмон аз чораҳои ҳукумат барои паст кардани шиддати омилҳои берунӣ ба иқтисоди кишвар ва тақвияти рақобатпазии иқтисоди миллӣ ёдоварӣ кардааст. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз шарикони рушд хостааст, ки дар тавсеаи бахши иҷтимоӣ ва зерсохтори энерживу нақлиёт ва ҳалли мушкили иқтисодиву молиявӣ мусоидат кунанд. Тоҷикистон аз 23 сол ба ин тараф бо Сандуқи байналмилалии пул ҳамкорӣ дорад. Мақомоти Тоҷикистон қаблан гуфта буданд, ки ба хотири муқобила бо асари бӯҳрони иқтисодии Русия имкони дарёфти то 500 миллион доллар ёрии молӣ аз Сандуқи байналмилалии пулро баррасӣ мекунанд. Вале то ҳол маълум нест, ки ҷонибҳо дар ин робита ба созиш расидаанд, ё не.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ