Президент раиси шаҳри Ҳисорро иваз кард
Президенти Тоҷикистон бо як фармон раиси шаҳри Ҳисорро аз вазифа барканор карда, ба ҷои ӯ Ҷумазода Шарифҷонро таъйин кард.
Дар ин хусус Дафтари матбуоти президент хабар дода, меафзояд, ки инчунин бо қарор раиси ҳукумати Тоҷикистон Юнус Маҳмадҷонов аз вазифаи Директори интстути геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи улум озод ва ба ҷои ӯ Илҳомҷон Оймуҳаммадзода таъкин шудааст.
Инчунин, Аббулваҳоб Рафиев, аз вазифаи директори Корхонаи воҳиди давлатии «Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии «Нурофар» озод ва ба ҷои ӯ Рустам Абдулваҳобзода таъйин шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75
Шарҳ