Президент саҳми кишварҳои арабиро дар тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ночиз хонд

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Миёна ва Озарбойҷон гуфт, ки кишвараш давлатҳои арабиро бо сохти давлатдориашон қабул кардааст ва ин кишварҳо низ бояд бе ягон суол сохти давлатдорӣ дар Тоҷикистонро қабул карда ва ба фарҳангу мардуми он эҳтиром гузоранд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронӣ дар оғози Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Миёна ва Озарбойҷон, ки дар «Кохи Сомон»-и Душанбе баргузор шуд, аз ҷумла гуфт, «мо кишварҳои арабиро расман шинохтем, эътироф кардем бо ҳама шаклу шукуҳ, бо ҳама сохтори давлатие, ки ҳастанд. Кадом кишваре, ки набошад, ба шаклу сохтори он ягон суоле надорем. Бояд кишварҳои арабӣ ва ҷаҳони ислом кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистонро низ, ки кишвари мо демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ аст бо тамоми сохтору шаклу сохтори давлатӣ фарҳанг ва мардумаш эътироф намоянд. Ва ҳамкориҳои беғаразона дошта бошем.»

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар суханронии худ аз сатҳи муносибатҳо бо кишварҳои арабӣ қаноатмандӣ кард, аммо ҳамкориҳо дар бахши иқтисодӣ ва сармоягузориро нокифоя хонд. Ба гуфтаи ҷаноби Раҳмон, саҳми кишварҳои арабӣ дар тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ҳамагӣ 1,5 дарсадро ташкил медиҳад ва дар муқоиса ба дигар кишварҳо, ночиз аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *