Президент сафирони навро таъйин кард

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон сафирони Тоҷикистон ба чанд кишвари осиёиро таъйин кард.

Бар асоси фармони Президенти Тоҷикистон Насриддин Исматулло сафири Тоҷикистон дар Бангладеш, Ардашер Қодирӣ сафир ҳамзамон дар Покистону Индонезия ва Шоҳигарии Тайланд, Раҳимзода Султон Нурмуҳаммадпур сафир дар Непал ва Шри-Ланка  ва Содиқ Имомӣ сафир дар Давлати Исроил таъин гардиданд.

Ҳамчунин, бар асоси амри Эмомалӣ Раҳмон Зафар Сайидзода аз вазифаи мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ озод гардида ва Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия таъин шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *