Президент Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Ориповро ба ҳузур пазируфт

Имрӯз дар Бӯстонсарои ҳукуматӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Ориповро, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.

Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқоти судманду созанда изҳори умедворӣ намуданд, ки ҷаласаҳои комиссияҳои байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва оид ба масъалаҳои марзи давлатӣ дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд баргузор шуда, натиҷаҳои кори онҳо омили муҳими таҳкимбахшандаи муносибатҳои дӯстонаю самимии ду ҳамсоядавлат мегарданд.

Таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон ба рушду густариши бештари муносибатҳои байнидавлатӣ бо Ӯзбекистон аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намуда, барои дар оянда ба сатҳу сифати нав расондани ин равобит, ки дар маркази таваҷҷуҳи Сарони ду давлати дӯсту бародар қарор доранд, талош ба харҷ хоҳад дод.

Дар мулоқот, ки дар фазои ҳусни тафоҳум ва якдигарфаҳмии комил сурат гирифт, масъалаҳои муҳими равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, аз ҷумла, масъалаҳои вобаста ба рафъи маҳдудиятҳои тиҷоратӣ, содагардонии низоми рафтуомади шаҳрвандон, коҳиш додани тарифҳои интиқоли молу маҳсулот, барқарорсозии роҳҳои оҳани мавҷуда, поксозии минтақаҳои минабандишудаи сарҳад, ифтитоҳи гузаргоҳҳои мавҷудаи сарҳадӣ ва ҳалли дигар масъалаҳои вобаста ба марзи давлатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин омодагию ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро барои тақвияти ҳамкории байнидавлатӣ бо Ӯзбекистон дар масъалаи истифодаи баманфиати захираҳои обу энергетикӣ таъкид намуда, изҳор доштанд, ки Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ вобаста ба ин масъалаи муҳим барои давлатҳои минтақа мушкилот эҷод накардааст ва пайваста хостори ҳамгироии бештари давлатҳои минтақа ва ҷаҳон дар соҳаи обу экология мебошад.

Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон  ва Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатии Тоҷикистону Ӯзбекистон ва форуми соҳибкорону тоҷирон дар давлатҳои ҳамдигар, инчунин ба роҳ мондани хатсайри ҳавоӣ дар масири Душанбе-Тошканд аз муҳимтарин иқдомҳои Сарони ҳар ду давлати дӯсту бародар ва ҳамсояи наздик дар як соли охир арзёбӣ шуд, ки дар таҳкими муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангиву инсонӣ нақши муассир гузоштаанд.

Дар мулоқот ҳамчунин масоили ҳамдастии ду давлат дар мубориза ба хатару таҳдидҳои номатлуби минтақа ва ҷаҳон, аз қабили терроризму экстремизм ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҳар ду ҷониб умедвории худро аз ояндаи бобарори муносибатҳои дӯстонаю самимии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ изҳор дошта, барои тақвияти заминаҳои қарордодию ҳуқуқии робитаҳои байндавлатию байниҳукуматӣ изҳори омодагӣ намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *