Президент: Сатҳи пасти дониш аз омилҳои худкушист

Эмомалӣ Раҳмон аз мавориди зиёди худкушӣ дар ноҳияи Деваштич (Ғончии собиқ) ибрози нигаронӣ карда ва онро “амали нангин” хонд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 21 август зимни мулоқот бо сокинони ноҳияи Деваштич дар мавриди омилҳои худкушӣ гуфт: “Ба андешаи ман, яке аз сабабҳои ин зуҳурот дар сатҳи паст қарор доштани дониш ва ҷаҳонбинии аҳолӣ мебошад. Вале қисми зиёди чунин ҳолатҳо дар заминаи набудани фазои созгор дар оила ба вуқӯъ меояд”.

Вай аз масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, масъулони кор бо занон, оила ва ҷавонон, ходимони дин, шахсони рӯзгордида, падару модарон, омӯзгорону устодон ва хусусан, раисони ҷамоатҳо ва маҳаллаҳо даъват кард, дар ин замина миёни ҷомеа корҳои фаҳмондадиҳиро тақвият бахшида, манфиати илмомӯзиву азхудкунии касбу ҳунарҳои замонавиро ҳарчи бештар талқин намоянд.

“Мо ҳар қадаре, ки пойбанди хурофот ва урфу одатҳои зараровар гардем, ҳамон қадар дар оила фазои ноором ва рух додани амалҳои нангин, аз ҷумла худкушӣ афзоиш меёбад”-афзуд Эмомалӣ Раҳмон.

Зимнан, охирин ҳодисаи худкушӣ дар ноҳияи Деваштич рӯзи 18 май рух дод. Ноболиғ Шаҳбози Шарафи 13-сола дар маҳаллаи Гузари Мазори ин ноҳия дар дохили оғил худро ба дор овехт.

Гуфта мешавад, Шаҳбоз баъди он ки хоҳишаш аз сӯи бобояш дар мавриди он ки ҳамроҳи модараш ӯро ҳам барои харид ба бозори Истаравшан барад, ба эътибор гирифта намешавад ва ӯ дилсард шуда, даст ба худкушӣ мезанад.

Бино ба иттилои расмӣ танҳо дар нуҳ моҳи соли 2018 беш аз 440 нафар дар Тоҷикистон даст ба худкушӣ задаанд, ки беш аз дусад нафари онҳо зан ва тақрибан чиҳил тани дигар духтарони ноболиғ ҳастанд. Манобеи расмӣ мегӯянд, аксари ин афрод бино ба мушкили хонаводагӣ, бемории равонӣ ва вазнинии ҳаёт ба зиндагии худ нуқта гузоштаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *