Президент: Синни миёнаи тоҷикистониён 22,5 аст ва онҳо бояд кор омӯзанд
Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки рӯйхати ном ба номи ҷавонони бекору бекасб таҳия карда шавад.
Ӯ имрӯз зимни суханронияш дар Рӯзи ҷавонон гуфт, ки бо назардошти ҳалли мушкилоти вобаста ба шуғли ҷавонон, Кумитаи кор бо ҷавонон бо Вазорати меҳнат, рӯйхати ном ба номи ҷавонони бешуғлро таҳия намуда, дар хусуси то соли 2025 соҳибкасб намудани ҷавонони то 25 – чораҳо андешанд.
Эмомалӣ Раҳмон вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар сохтору мақомоти давлатиро вазифадор кард, ки бо ворид кардани технологияҳои пешрафта ва таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ барои ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ ва ҳарчи бештар бо шуғл таъмин кардани ҷавонон, бахусус, дар деҳот тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Ба гуфти Президент , танҳо соли 2020-ум 193 ҳазор ҷойи корӣ таъсис шуда, ин раванд ҳар сол на кам аз 100 ҳазорро бояд ташкил диҳад.
Ӯ гуфт,ки тибқи таҳлилҳои Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид аз ҷумлаи кишварҳои дорои афзалияти ҷавонон буда, синну соли миёнаи аҳолии он 22,5 солро ташкил медиҳад.
Ба кор фаро гирифтани ҷавонон, яке аз роҳҳои муассири рушди иқтисодӣ ва дар айни замон, омили кам шудани содиршавии ҷиноят ва дигар намуди ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби онҳо мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ