Президент: Соҳибкоронро азоб надиҳед!
«Ба соҳибкорон набояд кордор шуд! Ин мамнӯъ аст! Моро соҳибкорон мехӯронанд,» — изҳор дошт президенти и Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҷаласае, ки рӯзи ҷумъа дар кохи «Ӯзбекистон» ба шарафи 26-умин солгарди Қонуни асосии ин кишвар доир шуд.
Мирзиёев ёдовар шуд, ки дар Ӯзбекистон алакай тафтишҳои нақшавии фаъолияти молиявиву иқтисодии ширкатҳои соҳибкорӣ манъ гардида, консепсияи такмили сиёсати андоз қабул карда шуд, ки тибқи он, бояд фоизи андозҳо кам карда шуда, бархе пардохтҳо ва боҷу хироҷ бояд аз байн бардошта шавад. Ӯ изҳори итминон кард, ки ин имтиёзҳо ба рушди соҳибкорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кор дар Ӯзбекистон мусоидат хоҳад кард: «Кӣ як сол пеш тасаввур мекард, ки тафтишҳои нақшавӣ аз байн мераванд? Ин тафтишҳои нақшавӣ ба ким-киҳо даркор буданд. Соҳибкор бояд ба фонди нафақаи ғайридавлатӣ пул медод, бояд ба фонди маориф пул медод, ба фонди роҳ пул медод. Чаро соҳибкор бояд онҳоро таъмин кунад? Ин корест, ки давлат бояд машғул шавад, на соҳибкор.»
Мирзиёев ҳамчунин гуфт: «Агар мо мехоҳем дар кишварамон як иқтисоди дар воқеъ собит бисозем, агар мехошем мисли халқҳои кишварҳои пешрафтаи дунё як зиндагии ободу бой дошта бошем, бо вуҷуди мушкилу мураккаб буданаш, мо бояд механизмҳои иқтисоди бозории воқеиро ба кор андозем. Ва ин корро набояд ҳамту, дар рӯи коғаз, балки ба таври амиқи фарогир анҷом диҳем. Ин ягона роҳи дуруст аст. Роҳи дигаре вуҷуд надорам. Мо қотеъона ислоҳоти оғозшударо идома медиҳем ва он ҳатман натиҷаҳои мусбат хоҳад дод.»
Президенти Ӯзбекистон гуфт, дар муддати солҳои тӯлонӣ андозҳои беш аз ҳад баланд шароитро барои афзоиши саҳми «бахши соягӣ» дар иқтисод фароҳам меоварданд. Ӯ аз файласуфи чинӣ Сун Тзи дар ин маврид иқтибос овард, ки гуфтааст: «Чидани андозҳои миёншикан ин роҳест, ки ба ҷониби сӯиистифода, бой шудани душманон ва буҳрони давлат мебарад.»
Шавкат Мирзиёев хабар дод, ки аз соли оянда дар Ӯзбекистон соҳибкоронеро, ки маҳсулоташонро ба бозорҳои хориҷӣ мебароранд, аз пардохти андоз аз фоида ва пардохти андози ягона барои содироти маҳсулот озод хоҳанд кард. Ӯ ҳадаф аз ин имтиёзро тақвияти имконоти содиротии Ӯзбекистон номид.
«Бубинед, Корея дар 60 сол чӣ қадар пешрафт кард. Дар назди мо низ вазифаи бузург истодааст. Мо бояд мардумамонро бихӯронем ва сарватманд кунем. Агар мо ин корро накунем, ҳамчунон тайёрхӯр боқӣ мемонем ва меистем, ки буҷаамонро аз ҳисоби соҳибкорон пур кунем,» — таъкид кард президенти Ӯзбекистон.
Дар саросари Ӯзбекистон бо фармони Мирзиёев «қабулхонаҳои мардумӣ» таъсис дода шудаанд ва мардум, аз ҷумла соҳибкорон, дар сурати онҳоро «ғам» додани мансабдорони маҳаллӣ метавонанд тавассути ин қабулхонаҳо арзи худро ба дастгоҳи президент расонанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ