Президент собиқадорони ҶБВ-ро бе пул ба ҳаҷ мефиристад

Бар асоси як фармони Шавкат Мирзиёев, президенти Узбакистон иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ройгон ба зиёрати Хонаи Худо мераванд.

Бино ба иттилои расонаҳои узбакӣ, масъулияти номнависии собиқадорони ҷанг бар души фонди “Нуроний”, Кумитаи дин ва мақомоти маҳаллӣ гузошта шуда, хоҳишмандон метавонанд баъди ташхиси ҳамаҷонибаи тиббӣ номнавис шаванд.

Гуфта мешавад, аллакай 73 иштирокчии ҶБВ барои зиёрати Хонаи Худо номнавис шуда, харҷи сафари онҳо аз ҷониби маблағҳои ҷудокардаи президент пардохт хоҳад шуд. Расонаҳо гуфтаанд, айни ҳол дар Узбакистон 1615 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиндагӣ мекунанд. Дар маҷмӯъ соли ҷорӣ 13200 шаҳрванди Узбакистон ҳаҷ меравад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *