Президент: Сохтори алоҳида оид ба сайёҳӣ ташкил карда шавад

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи  худ ба рушди сайёҳӣ дар кишвар диққати махсус дод.

Ӯ дар баромади худ таъкид намуд,ки ҳоло Тоҷикстон бо 80 кишвари ҷаҳон низом соддакардашудаи  раводид ҷорӣ намудааст. Президент аз сол ба сол афзудани шумораи сайёҳон дар кишвар изҳор қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки барои рушди сайёҳӣ боз корҳои зиёдеро анҷом додан зарур аст. Ба гуфти Президент: “Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад” Ӯ гуфт, ки дар доираи барномаҳои қабулшудаи давлатӣ рушди соҳа бо ҷорӣ намудани низоми раводиди электронӣ барои сайёҳони хориҷӣ, таъсис додани минтақаҳои сайёҳӣ ва муҳайё намудани инфрасохтори зарурӣ таъмин гардида истодааст. Тавре,ки Роҳбари давлат гуфт, барои рушди минбаъади соҳа бояд дар назди Ҳукумати Тоҷикистон сохтори алоҳида оид ба сайёҳӣ таъсис дода шавад. Ҳамчунин, воридоти таҷҳизоту маводи сохтмонии иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозию гумрукӣ, инчунин, ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод карда мешаванд ва дар ин маврид ба сохторҳои дахлдор ҷиҳати аамалӣ намудани ин супориш дастур дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *