Президент супориш медиҳад…
10 май дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президент ва дигар сохторҳои давлатӣ ҷаласаи корӣ доир намуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти президент гузориш медиҳад.
Бино бар иттилои манбаъ, раисҷумҳур ба роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ва масъулони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷараёни тадбирҳои омодагӣ ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастурҳо дод.
Инчинун президент оид ба сари вақт мавриди истифода қарор додани иншооти хурду бузурги ҷашнӣ, татбиқи амалии барномаҳои давлатии рушди соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи мамлакат, суръатбахшии ҷамъоварии ҳосили саҳро, харидорӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ, ҷамъбасти муваффақонаи фаъолияти иқтисодию иҷтимоӣ дар чор моҳи соли 2021 дастурҳо дод.
«Роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор муваззаф гардиданд, ки бо истифода аз обу ҳавои мусоид маъракаи кишту кори баҳориро ҳарчи зудтар ба анҷом расонанд», — таъкид мекунад манбаъ.
Ҳамчунин масъулин ҷиҳати сари вақт дастрас намудани нуриҳои минералӣ, техника ва мошинолоти кишоварзӣ, ба кор даровардани заминҳои бекорхобида, бо омодагии комил ба давраи тирамоҳу зимистони дарпешистода аз ҳама имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намудан вазифадор гардиданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ