Президент: Тоҷикистон коронавирусро мағлуб кард
Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, дар тӯли 15 рӯз дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
“Тоҷикистон коронавируси COVID-19-ро комилан мағлуб кард”, гуфт президент Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонааш ба парлумон. «Ҳоло дар Тоҷикистон коронавирус нест, мо онро комилан нест кардем» гуфт сарвари давлат. Вай қайд кард, ки ҳамаи сокинон бояд чораҳои амниятиро риоя кунанд. «Мо набояд бе ташвиш бошем ва қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятиро фаромӯш кунем» илова кард Раҳмон. Ба гуфтаи президент, ҳукумати Тоҷикистон соли гузашта барои дастгирии системаи миллии тандурустӣ 1,6 миллиард сомонӣ (беш аз 145 миллион доллар) ҷудо кард ва тақрибан 30 беморхонаи нав дар кишвар ба таври оҷил ба истифода дода шуданд. «Барои мубориза бо пандемияи коронавирусӣ барои беморони гирифтори COVID-19 зиёда аз 7000 катҳои беморхонаҳо ташкил карда шудаанд, ки ба онҳо 5400 нафар кормандони тиб хидмат мерасонанд», — гуфт сарвари давлат. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, дар тӯли 15 рӯз дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, иттилоъ медиҳад хабаргузории РИА Новости
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ