Президент «Тоҷикон”-ро ба ҳар як оилаи кишвар тӯҳфа мекунад

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни ироаи Паёми солонаи хеш хабар дод, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолият китоби “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуровро аз ҳисоби Фонди захиравии Президент нашр карда, ба ҳар як оилаи тоҷикистонӣ ҳадя хоҳад кард.

Нашри ин китобро барои баланд бардоштани худшиносии миллӣ ва шинохти таъриху тамаддуни гузашта сарвари давлат муҳим арзбӣ кард:

“Мо бояд донем, ки гузаштагони мо кистанд, мо бояд ифтихор кунем. Барои ин зарур аст, ки “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар хонаи ҳар як тоҷик бошад. Бинобар ин, лозим медонам, ки китоби “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров аз ҳисоби Фонди захиравии Президент нашр карда, ба ҳар як оила туҳфа карда шавад.”

Ҳамчунин, Президент дастур дод, ки Академияи илмҳои кишвар нашри ин китобро ба забонҳои хориҷӣ ба роҳ монда онро ба мардуми олам муаррифӣ кунад.

“Тоҷикон” шоҳасари Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров буда соли 1972 иншо шудааст.

Дар Паёми имсола президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба масоили китобу китобхонӣ бештар таваҷҷуҳ карда, дастур дод, ки озмунҳои “Фуруғи субҳи доноӣ…” ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ҳамасола баргузор шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *