Президент: Тоҷикистон ба самти аврупоӣ таваҷҷуҳ дорад

Дар қасри президенти Ҷумҳурии Чех дар шаҳри Прага рӯзи 1 декабр мулоқоти президентҳои Тоҷикистон ва Чехия — Эмомалӣ Раҳмон ва Милош Земан баргузор шуд.

Дар  суханронии мухтасар дар баробари хабарнигорон ҳарду раҳбар аз ҷараёни дидору гуфтугӯҳо изҳори қаноатмандӣ карда ба зарурати таҳкими ҳамкориҳои миёни ду кишвар таъкид намуданд.Эмомалӣ Раҳмон гуфт: “Тоҷикистон дар стратегияи байналмилалии худ ба самти аврупоӣ таваҷҷӯҳи хоса дорад. Робитаҳои мо бо кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо, бахусус бо Ҷумҳурии Чехия бар асоси анъанаҳои нек ташаккул ёфтааст. Мо Чехияро ба унвони шарики муҳими худ эътироф кардаем ва аз сатҳи ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ намудаем”.Президент ҳамзамон гуфт, ки ду кишвар имкони тавсеа додани домани ҳамкориҳояшонро дар соҳаҳои мухталифи иқтисоду энергетика доранд. Ӯ аз ширкатҳои хусусии чехӣ даъват кард, ки ба иқтисоди ин кишвар сармоягузорӣ кунанд. Ӯ гуфт, ки кишвараш хостори таҳсили ҷавонҳои тоҷик дар донишгоҳҳои Чехия ва табодули омӯзгорон аст. Президент Раҳмон таъкид кард, ки дидгоҳҳои Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чех ба таҳдидҳои байналмилалии мисли терроризм, ифротгароӣ, интиқоли маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ ҳамсон аст. Ӯ гуфт, “мо ба ин назар ҳастем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон бояд чораҳои муассир андешад”.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *