Президент ва Карим бобои барфӣ сохтанд

Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ҳангоми сайругашт дар кӯҳҳои Копетдоғ дар канори Ишқобод ҳамроҳи наберааш Карим аз барф Бобои барфӣ сохтаанд. Нашрияи «Хроники Туркменистана» видеоеро нашр кард, ки чӣ гуна Бердимуҳаммадов аз барф Бобои барфӣ месозад ва наберааш Карим ин лаҳзаҳоро аксбардорӣ мекунад.
Бино ба гузориши хабаргузории давлатии Туркманистон ТДХ, президент ва наберааш рӯзи якшанбе ба канораҳои ҷанубии пойтахт, шаҳри Ишқобод раҳсипор шуданд. Дар инҷо Бердимухаммадов машқи варзиш кард ва сипас онҳо тавассути фуникулёр ба сӯи Копетдоғ рафтанд. Дар инҷо президент ба наберааш қуллаҳои барфпӯш ва манзараҳои Ишқободро нишон дод ва сипас ҳарду аз барф Бобои барфӣ сохтанд.
Имсол Туркманистон Соли навро бо шукӯҳ таҷлил мекунад. Арчаи солинавии Ишқобод баландтарин арча дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дониста мешавад. Баландии он бо ситорааш 41 метр ва паҳнояш 16 метр будааст. Дар ҷои дуюм арчаи солинавии Тошканд меистад, ки 36 метр баландӣ ва 13 метр бар дорад. Дар Бишкеку Нурсултон имсол арчаҳои солинавии 25-метрӣ гузоштаанд. Аммо мақомоти пойтахти Тоҷикистон имсол ба далели коронавирус аз гузоштани арчаи солинавӣ дар маркази Душанбе худдорӣ карданд. Бо қарори ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус, баргузории ҷашну тантанаҳои солинавӣ дар саросари Тоҷикистон манъ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *