Президент вафот кард?
Бар асоси хабарҳои агентиҳои иттилоотии Русия, Гурбангулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури 62-солаи Туркмистон бар асари бемории гурда даргузаштааст.
Бар асоси хабарҳои агентиҳои иттилоотии Русия, Гурбангулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури 62-солаи Туркмистон бар асари бемории гурда даргузаштааст.
Аммо Сафорати Туркманистон дар Маскав ин хабарро рад карда ва онро “дурӯғи мутлақ” хонд.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти Туркманистон расман нисбати ин сару садоҳо вокунише нишон надодаанд.
Танҳо шаби гузашта барномаи иттилоотии “Ватан”-и шабакаи телевизиони давлатии Туркманистон навори видеоиро бо ширкати Президенти ин кишвар намоиш додааст. Вале мунтақидон гуфтаанд, ки ин навор чанд рӯз пеш бардошта шудааст.
Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов моҳи декабри соли 2006, пас аз фавти Сафармурод Ниёзов ба сари қудрат омад. Дар Туркманистон як низоми диктатурӣ ва фазои ситоиши шахсияти Бердимуҳаммадов роиҷ буда ва Президент унвони Аркадаг ё Ҳомии тамоми туркманҳоро дорад.
Рӯзи 21 июл нашрияи “Хабарҳои Туркманистон” (“Хроника Туркменистана”) дар бораи бемории вазнини модари Президент-Огулабат Бердимуҳаммадов хабар дод, ки барои табобат ба Олмон мунтақил шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ