Президенти Ӯзбекистон садҳо зиндониро афв кард

Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон садҳо зиндониро ба муносибати рӯзи истиқлоли ин кишвар, ки 1-уми сентябр таҷлил мешавад, афв кардааст.

Гуфта мешавад, ки Мирзиёев 159 нафарро аз зиндон озод намуда, ҳукми 303 нафарро ба зиндони шартӣ тағйир дода ва муҳлати зиндони 60 каси дигарро кӯтоҳ кардааст.

Дар байни афвшудагон 19 шаҳрванди хориҷӣ ва 56 зан ва бақияи афроди беш аз 60-солаву навҷавонон будаанд. Дар Ӯзбекистон моҳи апрели имсол ҳам ба хотири Иди Қурбон 426 нафарро афв карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *