Президенти Қазоқистон ба Душанбе омад
Нимаи дуюми рӯзи 19 май, кишвардори Қазоқистон, Қосим Ҷомарт Тоқаев озими Душанбе шуд, хабар медиҳад котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, раисҷумҳури Қазоқистонро дар фурудгоҳи Душанбе, Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифт.
Гуфта мешавад, ба хотири пазироии меҳмони олимақом, майдони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо шиорҳо ва парчамҳои давлатии Тоҷикистону Қазоқистон идона ороста шуд.
Ҳамчунин шумораи зиёди ҷавонону наврасони кишвар бо гулу парчамҳои ду кишвари дӯст ва бо шиорҳои тараннумгари дӯстии халқҳо меҳмони олиқадрро пазироӣ намуданд.
Зимни мулоқоти хосае, ки байни сарони давлатҳо сурат гирифт, Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Қазоқистонро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфт.
Бояд зикр намуд, ки Қосим Ҷомарт Тоқаев бо даъвати Президент Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.
Дар ҷараёни сафар мулоқотҳои сарони ду давлат дар шакли маҳдуд ва васеъ ба нақша гирифта шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ