Президенти Қазоқистон ба Тоҷикистон меояд

Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон меояд.

Сафари давлатии  Қосим-Жомарт Токаев  рӯзҳои 22-23 августи соли равон дар назар аст.

Сафари давлатии Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ба Тоҷикистон бо даъвати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  сурат мегирад.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар доираи сафар музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон дар шакли маҳдуд ва васеъ бо шумули ҳайатҳои ҳукуматӣ сурат хоҳад гирифт.

“Барои имзо бастаи калони ҳуҷҷатҳо омода карда шудааст, ки ҳуҷҷати асосии онҳо Шартнома оид ба муносибатҳои иттифоқӣ хоҳад буд”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.

Гуфта мешавад, ки Роҳбарони давлатҳо ҳамчунин дар консерти тантанавӣ ба муносибати ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳангии Қазоқистон дар Тоҷикистон иштирок хоҳанд кард.

Дар барномаи сафари Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон мулоқот бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоҳир Зокирзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода низ пешбинӣ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *