Президенти Қазоқистон вориди шаҳри Душанбе шуд

Имрӯз,  22 август Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Душанбе шуд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаевро бо нишони эҳтиром Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифт.

“Ба хотири пазироии сазовори Сарвари давлати дӯсти Қазоқистон майдони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо шиорҳо ва парчамҳои давлатии Тоҷикистону Қазоқистон идона ороста шуд”,-иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Сарвари давлат.

Ҳамчунин, шумораи зиёди ҷавонону наврасони кишвар бо гулу парчамҳои ду кишвари дӯст, бо шиорҳои тараннумгари дӯстӣ ва барномаи махсуси фарҳангӣ меҳмони олиқадрро пазироӣ намуданд.

Зимни суҳбати кӯтоҳ дар фурудгоҳ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаевро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, изҳори бовар намуданд, ки натиҷаҳои сафари давлатӣ барои таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамдилии ду кишвар мусоидат хоҳад кард.

Дар назар аст, ки сафари Президенти Қазоқистон ба Тоҷикистон давоми ду рӯз идома ёбад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *