Президенти Қирғизистон садо баланд кард

Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков дар суҳбат бо бахши қирғизии Бӣ-Бӣ-Сӣ гуфт, барои ба эътидол овардани вазъ дар кишвараш бисёри чизҳо аз ӯ вобастааст.

Ба гуфтаи Ҷеенбеков, ӯ «президенти қонунӣ» боқӣ мемонад, ки бояд нақши доварро бибозад.»Шӯрои ҳамоҳангсоз талош дорад, ки вазъро ба маҷрои ҳуқуқӣ баргардонад. Ман низ ба ин даъват карда, омодаам, кумаки худро расонам. Ман президенти қонунӣ ҳастам. Бисёри чизҳо аз ман низ вобастааст»,-изҳор дошт Ҷеенбеков.

Вай дар посух ба суоли рӯзноманигор, ки оё имкони пешгирии ҳаводиси ахир буд, афзудааст, «барои ин ҳамоиши эътирозӣ аз пеш омодагӣ дида буданд». Ҷеенбеков нерӯҳои сиёсии Қирғизистонро ба гуфтугӯ ва «баргардонидани вазъ ба маҷрои ҳуқуқӣ» даъват кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *