Президенти Қирғизистон Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистонро узви ИИАО дидан мехоҳад

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов гуфтааст, се кишвари дигари Осиёи Марказиро дар узвияти созмони АвруОсиё дидан мехоҳад.

Ӯ ин нуктаро имрӯз 30 август зимни суханронӣ бо намояндаҳои созмонҳои байналмилалӣ ва сафирони кишварҳои хориҷӣ изҳор доштааст, хабар медиҳад, котиботи президенти Қирғизистон.

Ба иттилои манбаъ, Ҷабборов зимни суҳбат аз бурдҳои кишвараш баъди вуруд ба ин созмон ҳарф зада, гуфтааст, ки мехоҳад шарикони наздиктарини минтақавӣ — Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистонро узви ин созмон бубинанд.

Дар мавриди даъвати шомилшавии Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон қаблан низ собиқ президенти Қазоқистон, Нурсултон Назарбоев изҳори назар карда буд.

Ӯ зимни мулоқот бо нахуствазири Русия Михаил Мишустин гуфт, ки Тоҷикистон Ӯзбекистон ва Туркманистон бояд ба ин иттиҳод ҳамроҳ шаванд.

«Иттиҳоди иқтисодии Авроосиёро бояд қавитар шавад ва барои ин бояд Тоҷикистон ва Ӯзбекистон — ҳамсоякишварҳои мо шомили он шаванд. Бо Турманистон ҳам бояд кор кард, то ки ин кишвар шомили ин иттиҳод шавад»,- таъкид дошт Назарбоев зимни мулоқот бо Михаил Мишустин дар шаҳри Остона пойтахти Қазоқистон.

Аммо дар Тоҷикистон барои воридшавӣ ба ин созмон саросема нестанд.

Ёдрас мешавем, ки ахиран вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Завқӣ Завқизода зимни нишасти хабарӣ гуфта буд, ки Тоҷикистон барои ҳалли масъалаи шомил шудан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё вақт лозим дорад.

«Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё як созмони ҷавон аст, аз ин рӯ, ҳоло баҳо додан ба ҳама ҷиҳатҳои мусбат ва манфии пайвастани ҷумҳурӣ ба ин Иттиҳод имконнопазир аст», — гуфт ӯ.

Ба гуфтаи Завқизода, мақомоти Тоҷикистон таҷрибаи кишварҳои узви Иттиҳод бо иқтисодҳои шабеҳро меомӯзанд ва таҳлил мекунанд. Пеш аз ҳама, инҳо Қирғизистон ва Арманистон мебошанд.

Вазир таъкид кард, ки дар масъалаи шомилшавии ҷумҳурӣ ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шитоб кардан маъно надорад. Таҳияи омори намунавӣ оид ба фаъолияти иқтисодии созмон метавонад солҳо тӯл кашад.

Музокирот дар бораи вуруди Тоҷикистон ба ИИАО чанд сол боз идома дорад. Ба гуфтаи коршиносон, аз чунин иқдом назар ба камбудиҳо бартариҳои зиёдтар вуҷуд доранд.

Пеш аз ҳама, узвият дар Иттиҳод ба кишвар имкон медиҳад, ки потенсиали тиҷоратӣ ва сармоягузории худро боз кунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *