Президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон меояд
Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 10 то 12 июн бо сафари расмӣ аз Тоҷикистон боздид мекунад.
Дар ин бора “Азия-Плюс” дар такя ба манбаъи худ аз Ҳукумати кишвар хабар додааст.
Сарони кишварҳо ният доранд, ки дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар тамоми соҳаҳо баррасӣ намуда, инчунин ҷараёни иҷрои қарордодҳои қаблан ҳосилшударо мавриди таҳлил қарор диҳанд.
Дар назар аст, ки аз рӯйи натиҷаҳои сафари сарвари давлати Ӯзбекистон ба Тоҷикистон байни Душанбе ва Тошканд бастаи нави созишномаҳо дар соҳаҳои нақлиёту энергетика, тиҷорату молия, бахши кишоварзӣ ва фарҳангу илм ба имзо расад.
Дар доираи сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе инчунин таҳти унвони “Шоми дӯстӣ” консерти муштараки устодони санъати ҳар ду кишвар баргузор мешавад.
Қаблан Шавкат Мирзиёев моҳи марти соли 2018 бо сафари давлатӣ, сипас охири моҳи сентябри соли 2018 (иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви ИДМ), баъдан 14 июни соли 2019 (иштирок дар нишасти 5-уми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё) ба Тоҷикистон ташриф оварда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ