Президенти Ӯзбекистон вориди шаҳри Душанбе шуд
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиеёв бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Душанбе шуд.
Тавре ба Pressa.tj аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд, сафари давлатии Президенти кишвари ҳамсоя ду рӯз — 18 ва 19 апрел идома меёбад.
Дар назар аст, ки зимни ин сафар Шавкат Мирзиёев бо ҳамтои тоҷики худ Эмомалӣ Раҳмон мулоқот карда, масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ, инчунин таҳкими равобити дӯстонаи ду кишварро баррасӣ кунанд.
Дар ин сафар бастаи созишномаҳои нави ҳамкорӣ низ пешбинӣ шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон талош доранд, ки гардиши мол байни ду кишвар дар ояндаи наздик ба 1 миллиард доллар расонида шавад.
Дар маҷмуъ, аз соли 2018 то имрӯз байни ду давлат зиёда аз 150 санади байнидавлатӣ, байниидоравӣ ва байниҳукуматӣ ба имзо расидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ