Президенти БИР дар НБО-и «Роғун»

Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер баъди мулоқот бо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз рафти корҳои сохтмонӣ дар НБО «Роғун» боздид ба амал овард.

Ӯро дар ин сафар муовини Сарвазири кишвар Усмоналӣ Усмонзода ва вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ҳамроҳӣ намудаанд.

“Президенти Бонки исломии рушд баъди боздид ба сохтмони НБО «Роғун» баҳои баланд дод.Ӯ дар китоби хотироти меҳмонон дастхати хотиравӣ гузошт”,-иттилоъ доданд аз вазорати рушди иқтисод ва садои Тоҷикистон.

Ёдовар мешавем, ки Бонки Исломии Рушд барои сохтмони НБО «Роғун» 150 миллион доллар барои сохтмони НБО-и “Роғун” ҷудо кард. Созишномаи ин маблағ дар ҳошияи сафари Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер ба Душанбе имзо шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *