Президенти Чин ба Тоҷикистон меояд
Президенти Чин Си Ҷинпин бо сафари давлатӣ вориди Тоҷикистон мешавад.
Тавре ки Pressa.tj хабар ёфт, сафари давлатии Си Ҷинпин аввалҳои моҳи июли соли равон дар назар дошта шудааст.
Дар ҳошияи сафари Си Ҷинпин як ҳайати Чин ҷиҳати иштирок дар Форуми занон вориди Хуҷанд шуданд. Мулоқоти занони Тоҷикистону Чин 20 июн дар шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад.
Меҳмонон аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Хуҷанд рафта, имрӯз, 19 июн дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи муштараки расмҳои рассомони Тоҷикистон «Симои зан» ва симои каллиграфияи устодони чинӣ «Маънии ҳаёт» дар «Қалъаи Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд.
Дар ин ҷо намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва Осорхонаи археологию фортификатсионии шаҳрро тамошо карданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ