Президенти Эрон ба Тоҷикистон меояд
Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Иброҳим Раисӣ ба Тоҷикистон меояд.
Боздиди ӯ аз Тоҷикистон дар доираи сафари ҳайати тиҷорататии Эрон ба Душанбе сурат мегирад.
Қарор аст, ки намояндагони утоқҳои бозаргонӣ, саноат, маъдан ва кишоварзӣ аз 7 то 12 ноябр доир шавад.
Зимнан зикр мегардад, ки дар доираи чорабинӣ конфронсҳои тиҷорӣ ва боздидҳои тиҷоратӣ дар назар аст.
Дар ин чорабиниҳо соҳибкорон, саноатчиён ва намояндагони расмии ду кишвар ширкат хоҳанд кард.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар Душанбе анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Эрон баргузор мешавад. Қарор аст, ин чорабинӣ дар пойтахти Тоҷикистон аз 8 то 9 ноябр баргузор шавад.
Кишварҳо ҳамчунин қасд доранд имкони боз кардани хатсайрҳои нави ҳавоӣ, бахусус тавсеаи парвозҳо дар ду самтро баррасӣ кунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ