Президенти Эрон ба Тоҷикистон меояд
15 январ Президенти Эрон Масъуд Пизишкиён бо сафари давлатӣ вориди Тоҷикистон мешавад.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар доираи сафар мулоқоту музокироти сатҳи баланди Тоҷикистон ва Эрон баргузор гардида, маҷмуи васеи масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷониба баррасӣ хоҳанд шуд.
«Ҳамчунин тибқи барномаи сафар, пас аз мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Тоҷикистон ва Эрон чанд санади нави ҳамкорӣ ба имзо мерасад»,-иттилоъ медиҳад манбаъ.
Инчунин, дар доираи сафар баргузории ҳамоишҳои тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистон ва Эрон дар назар аст.
Зимнан, аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ба Pressa.tj хабар доданд, ки 15 январ дар доираи сафари давлатии Празиденти Эрон Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон дар меҳмонхонаи “Hyatt Regency” форуми тиҷоратии ду кишвар доир мешавад.
«Ҳайати тиҷоратии Эронро зиёда аз 100 намоянда аз соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ташкил медиҳанд, ки он фарогири соҳаҳои фармасевтика, текстил, логистика, саноати хӯрокворӣ, металлургия, мурғпарварӣ, асалпарварӣ, истеҳсоли нафт, мебелсозӣ, сохтмон, истеҳсоли пластик ва гранула, консервабарорӣ, бонкдорӣ, моҳипарварӣ, қисмҳои мошин, маҳсулоти кимиёвӣ ва таҷҳизоти тиббӣ мебошад»,-иттиллоъ доданд аз палата.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ