Президенти Эрон вориди шаҳри Душанбе шуд
Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Душанбе шуд.
Бо нишони эҳтиром Президенти Эронро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифтанд.
“Саҳни фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба хотири пазироии арзандаи меҳмони олиқадр бо парчамҳои давлатии ду кишвар, аксҳои Сарони давлатҳои Тоҷикистону Эрон ва шиорҳои тараннумгари дӯстии мардумони ду давлат идона оро ёфта буд.Барои истиқбол роҳрави сурх густурда шуда, афсарони горди фахрӣ аз ду тарафи роҳрав саф оростанд”,-иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Президенти кишвар.
Дар толори фурудгоҳ сарони ду давлат суҳбати кӯтоҳ кардаанд. Изҳори бовар намудаанд, ки ин сафар дар таърихи муносибатҳои ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг саҳифаҳои нав боз мекунад.
Гуфта мешавад, ки сафари давлатии Президенти Эрон аз 15 то 17 январ дар Тоҷикистон идома меёбад. Зимни он мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон, имзои шумораи зиёди санадҳои нави ҳамкорӣ ва чорабиниҳои дигари муҳим, аз ҷумла тиҷорию сармоягузорӣ ва илмию адабӣ дар назар аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ