Президенти Фаронса коронавирус шуд

Президенти Фаронса Эммануэл Макрон ба коронавирус гирифтор шуд, хабар медиҳад қароргоҳи президент.
«Имрӯз ташхиси президенти ҷусмҳурӣ аз COVID-19 мусбат баромад»,- гуфта мешавад дар изҳорот.
Ташхис дар асоси санҷиши RTPCR гузошта шудааст, ки ҳангоми пайдоиши аломатҳои аввал гузаронида шудааст.
«Мувофиқи қоидаҳои санитарие, ки барои ҳама татбиқ мешаванд, президенти ҷумҳурӣ 7 рӯз дар изолятсия хоҳад монд. Ӯ фаъолияташро ба таври фосилавӣ анҷом медиҳад», — омадааст дар изҳорот.
Жерар Ларшер, раҳбари сенат гуфтааст, ки президенти Фаронса эҳтимол аз тамос бо сарвазири кишвар олуда шуда бошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *