Президенти Федератсияи муҳоҷирони СНГ К. Шариповро метавонанд ба ифротгароӣ айбдор кунанд

Додситонии минтақаи Люблинои шаҳри Маскав ба президенти Федератсияи муҳоҷирони СНГ Каромат Шарипов ҳушдори расмӣ додааст, ки даъвати муҳоҷирони тоҷик ба гирдиҳамоии беиҷозат дар назди бозори «Москва” хилофи қонун аст. Кормандони пулис ҳамчуниин рӯзи 21 сентябр мошини Каромат Шариповро дар назди ин бозор кофтукоб кардаанд.

Рӯзи 21 сентябр кормандони пулис мошини президенти Федератсияи муҳоҷирони СНГ Каромат Шариповро дар наздикии бозори «Москва” дар минтақаи Люблинои пойтахти Русия манъ ва дохилашро кофтукоб кардаанд. Сипас Каромат Шариповро дар шӯъбаи пулис бозпурсӣ кардаанд ва баъд ба додситонии байниноҳиявии минтақаи Люблино бурда, ба ӯ ҳушдори расмӣ бо имзои додситони ин минтақа С.А.Илинро супурдаанд.

Дар ин ҳушдор гуфта мешавад, ки Каромат Шарипов мардумро ба гирдиҳамоии бидуни иҷозат дар назди бозори «Москва”, воқеъ дар гулгашти Тихоретский, 1 ва ба пуштибонӣ аз аробакаши тоҷики латукӯбшуда Наврӯз Зикиров даъват мекунад.

Додситонӣ Каромат Шариповро расман ҳушдор додааст, ки даъват ба гирдиҳамоиҳои бидуни иҷозати мақомоти расмӣ бар хилофи қонунҳои ҳам федералии Русия ва ҳам шаҳри Маскав дар бораи тартиби баргузории гирдиҳамоиҳо буда, ғайри қобили қабул мебошад. Каромат Шариповро ҳушдор додаанд, ки дар сурати такрори чунин иқдом ӯро метавонанд ба ифротгароӣ айбдор карда, ба ҷавобгарӣ бикашанд.

Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷики Русия, ки раҳбарии ин созмонро ҳам Каромат Шарипов бар ӯҳда дорад, хабар дод, ки дар додситонӣ ба Каромат Шарипов рӯирост гуфтаанд, ки аз ин ба баъд аз наздик шудан ба бозори «Москва” ва мулоқот бо тоҷиконе, ки дар ин бозор кор мекунанд, худдорӣ кунад

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *