Президенти Федератсияи муҳоҷирони СНГ-ро аз шаҳрвандии Русия маҳрум карданианд
Раҳбари шӯъбаи муҳоҷирати пулиси ноҳияи Любертсии вилояти Маскав рӯзи 4 октябр ба дасти президенти Федератсияи муҳоҷирони СНГ Каромат Шарипов омада, аз ӯ талаб кардааст, ки шиносномаи Русияашро бисупорад. Каромат Шарипов ин қазияро фармоиш номида, ба эътирозҳои ахири муҳоҷирони тоҷик дар бозори Люблино рабт медиҳад.
Каромат Шарипов, президенти Федератсияи муҳоҷирони СНГ, як созмони ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия мегӯяд, рӯзи 4 октябр раҳбари шӯъбаи муҳоҷирати пулиси ноҳияи Люберетсии вилояти Маскав ба дафтари кори ӯ омада, талаб кардааст, ки шиносномаи Русияашро бисупорад. Намояндаи пулис гуфтааст, ки Каромат Шарипов дар вақташ шаҳрвандии Русия ғайриқонунӣ гирифта буд.
Аммо Каромат Шарипов мегӯяд, ӯ соли 1993, вақте ки дар дивизияи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистон хидмат мекард, соҳиби шаҳрвандӣ шуда буд. Ӯ ба намояндаи пулис гуфтааст, тибқи қонун танҳо додгоҳ ё раисиҷумҳури Русия метавонад ӯро аз ҳаққи шаҳрвандӣ маҳрум кунад ва корманди пулис ҳаққи гирифтани шиносномаи вайро надорад.
Каромат Шарипов мӯътақид аст, ки моҷарои шаҳрвандии Русияи вай фармоишист ва ба эътирозҳои ду ҳафтаи пеш дар бозори «Москва” дар минтақаи Люблино рабт дорад.
Латукӯби аробакаши тоҷик Наврӯз Зикиров аз сӯи ду посбони ин бозор дар рӯзи 20 сентябр ба эътирозҳои муҳоҷирони тоҷик овард. Дар ҷараёни ин эътирозҳо шоми 20 сентябр дар назди бозори «Москва” беш аз 90 нафар ва рӯзи 21 сентябр беш аз 30 муҳоҷири тоҷик дастгир шуданд.
Бино ба маълумоти дарёфтӣ, пулис дар пайи ин эътирозҳо дар маҷмӯъ то 350 шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт кардааст.
Додситонии минтақаи Люблино рӯзи 21 сентябр Каромат Шариповро ба даъват кардани муҳоҷирони тоҷик ба ин эътирозҳо айбдор карда, ба ӯ ҳушдори расмӣ дод, ки дар сурати такрори чунин даъватҳо тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида хоҳад шуд. Худи Каромат Шарипов мегӯяд, касеро ба гирдиҳамоӣ даъват накардааст ва рӯзи 21 сентябр бо даъвати Ҳоҷӣ Самад – яке аз тоҷикҳои бонуфузи бозори Люблино барои мулоқот бо намояндагони маъмурияти бозори «Москва” ба онҷо рафта буд. Вале касе аз маъмурияти бозор ба мулоқот наомад ва мошини Каромат Шариповро кормандони пулис манъ ва кофтукоб карда, ӯро барои бозпурсӣ ба пулис ва аз онҷо ба додситонӣ бурда, ҳушдори расмиаш доданд.
Каромат Шарипов дар солҳои 90 дар дивизияи 201-ум хидмат мекард ва рутбаи полковники артиши Русияро дорад. Соли 1995 Каромат Шарипов аз сӯи мақомоти Тоҷикистон дастгир шуда буд, вале ӯро нирӯҳои дивизияи 201 озод карданд.
Каромат Шарипов дар ибтидои солҳои 2000-ум ба Маскав омад ва чанд созмони ҷамъиятӣ, ба мисли Лигаи тоҷикони Русия, Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷики Русияро ташкил дода, ба ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирон машғул шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ