Президенти Филипин аз Обама барои «сагбача » гуфтанаш узр пурсид.

Президенти Филиппин Родриго Дутерте ахиран барои «сагбача» хитоб карданаш Обама аз раҳбари қасри сафед узр пурсида, гуфтааст, ки ин нидои ӯ на ба Обама ҳамчун президент балки ба шахсияти Барак Обама тааллуқ дорад.

Родриго Дутерте аз президенти ИМА- Барак Обама барои паст задании шаъну шараф бо истифода аз ибораи «сагбача» бахшиш пурсидааст: « Мо ҳатман ҳамаи тафоҳуми назарҳои вобаста ба арзишҳои миллиии давлатҳоямонро  бартараф намуда, сари мизи гуфтугузор хоҳем нишаст».

Ёдовар мешавем, ки Барак Обама методи ҷазодиҳии нашаҷалобонро аз сӯйи Дутерте нақзи ҳуқуқи инсон хонда интиқоди шадид намудааст. Аммо дар ҷавоб президенти филипин дар нишасти махсуси баъди ғалабааш дар интихоботи президенти ба сӯйи Обама садо баланд карда гуфта буд:

« Ту, сагбачаро, ман дар ин форум лаънатзада мегардонам» ва дар идомаи баромадаш дар форуми мазкур гуфтааст, ки « ҳар кас ҳам гап занад, ту сагбача бобати ҳуқуқи инсон лексияхонӣ накун, чун худат сароғози  ҳамаи поймолкунии ҳуқуқи инсон дар кулли сайёра ҳастӣ».

Баъди ин изҳороти Дутерте Обама аз вохӯрӣ бо ӯ , ки пагоҳи форум дар Лаос бояд баргузор мешуд, даст кашидааст. Шороҳен мегӯянд. ки ин вохӯрии муҳим буд, аз ҳамин сабаб Дутерте «бо гардани баста» аз президенти Қасри сафед (на аз шахсияти Обама!) бахшиш пурсад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *