Президенти Хорватия ҳам бо либоси кориву ҳам бо бикинӣ зебост
Вақте ки зан ба тахт мешинад…
Дар тамоми таърихи башарият занҳое, ки ба тахти салтанат нишастаанд, ангуштшуморанд. Дар замонҳои қадим аҳён-аҳён шоҳдухтарҳо бо сабаби меросхӯри ҷинси мардина надоштани падарашон ба тахти шоҳӣ менишастанд, вале дар замони муосир аз байни духтарони оилаҳои камбағал низ бонувони чаққон ва кордоне баромада истодаанд, ки танҳо бо шарофати донишу малака ва дилёбии худашон ба зинаҳои баландтарин расида, сарварии ин ё он давлатро бар дӯш мегиранд. Яке аз чунин занҳои кордон ва машҳур президенти Хорватия Колинда Грабар мебошад.
Духтари қассоб
Колинда Грабар Китарович 2-юми апрели соли 1968 дар деҳаи Лубарски Хорватия ба дунё омадааст. Падараш Бранко қассоб, модараш бошад, як зани одии хонашин буд. Наздиконаш нақл мекунанд, ки аслан модараш ӯро Ксеня ном ниҳодан мехостааст, вале вақте мебинад, ки шавҳараш духтардор шуданашро фаҳмида, аз шодӣ дар таги девори таваллудхона суруди попсарои машҳур Зденко Вучкович “Колинда”-ро хонда истодааст, ба ваҷд омада, қарор медиҳад, ки номи духтарчаро Колинда мегузорад.
Лотореяи бахтовар
Колинда аз кӯдакӣ духтараки доно буд ва дар мактаб танҳо бо баҳои аъло мехонд, ҳамин буд, ки ӯро тавассути барномаи махсуси ивазкунии мактаббачаҳо (программа обмена) дар 17-солагиаш ба Амрико фиристоданд. Ин ивазкунӣ барои духтарак лотореяи бахтоваре гашт, ки тамоми сарнавишти ӯро куллан тағйир дода, аз як духтари қассоб шоҳбону сохт.
Колинда соли 1986 дар Лос Аламос мактабро хатм намуда, ба факултаи фалсафаи донишгоҳи Загребе дохил шуд. Дар ин донишкада ӯ дар баробари фалсафа ҳамчунин забонҳои англисию испаниро омӯхта, дараҷаи магистрро гирифт ва дар вазорати илм ва технология ба кор оғоз намуд, аммо…
Бонуи ҳамакора
Соли 1993 Колинда Грабарро ба Вазорати корҳои хориҷӣ даъват намуда, ба вазифаи маслиҳатчӣ дар кабинети ёрдамчии вазир ба кор гирифтанд. Ин бонуи чашми кордон дар бадали чор сол ҳамаро қоил карда, машваратчии сафир таъин гашт.
Аксари хонумҳое, ки аз пушти карера ва мансаб медаванд, дар охир танҳо монда, аз лаззати бахти оилавӣ якумра маҳрум мегарданд, вале Колиндаи оқила бахт ва корро хеле моҳирона бо ҳамдигар пайваста тавонист. Вай соли 1999 бо Яков Китарович ақди никоҳ баста, соҳиби ду фарзанд гашт. Духтараш Катарина ба худи Калинда рафта, писараш Лука мисли як себи дукафон ба падараш монанд аст.
Зина ба зина
Дар интихоботи соли 2003 Грабарро депутати Хорватия интихоб намуданд. Аллакай моҳи декабри ҳамон сол Колинда роҳбарии вазорат оид ба интегратсияи аврупоиро бар дӯш дошт. Колинда мисли гимнасткаи чусту чолок ба осонӣ зинаҳои мансабро боло мешуд. Соли 2009 Грабар сафири Хорватия дар ИМА таъин гашт, вале вай бо ин ҳам қонеъ нагашта, мехост боз ҳам баландтар парвоз кунад…
Президенте, ки бо шортик мегардад
11-уми январи соли 2015 Колинда Грабар дар интихоботи президентии Хорватия президенти онвақтаина Иво Иосиповичро мағлуб намуда, бо ба даст овардани зиёда аз 51% -и овозҳо курсии президентиро соҳиб шуд. Дар байни сарварони давлатҳо вай ягона президентест, ки расмиятро дӯст намедорад. Колинда Грабар бисёр шахси озодандеш буда, ҳаргиз озодии худ ва дигаронро маҳдуд намесозад. Колинда шояд ягона президенте бошад, ки метавонад ҳатто бо либоси тагпӯш расм бигирад ва дар сари як қадаҳ пиво низ масъалаҳои давлатиро ба таври олиҷаноб ҳаллу фасл намояд.
Бо гурбаи зеботарини дунё шинос шавед
Таҳияи Шаҳло Ниёзова
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ