Сафари Президент ба ноҳияи Ҳамадонӣ

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз бо сафари корӣ ба ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон сафар кард.

Оғози сафари корӣ аз ифтитоҳи роҳи мошингарди байни деҳаҳои Файзобод ва Тагноб то маркази ноҳия шурӯъ шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дарозии роҳ 14,5 километрро дар бар гирифта, деҳаҳои Файзобод ва Тагноби деҳоти Даштигулҳо, Анҷиркон, Сафедоб, Кодара ва Сафар Гадои деҳоти Панҷрӯд, деҳаи Боғи деҳоти Қаҳрамон ва шаҳраки ноҳияро бо ҳам мепайвандад.

Корҳои сохтмонӣ дар ин масир аз аввалҳои моҳи майи соли равон аз тарафи соҳибкорони ватанӣ бо ҷалби аҳолӣ оғоз гардида, бо харҷи 27,5 миллион сомонӣ анҷом дода шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *