Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз 9 то 12-уми август бо сафари чоррӯза ба вилояти Суғд меравад. Дар ин бора сухангӯи Сарвари давлат Абдуфаттоҳ Шарифзода хабар дод.
Гуфта мешавад, ки зимни ин сафар Президенти кишвар аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Бӯстон, Гулистон ва Бобоҷон Ғафуров дидан хоҳад намуд.
Дар назар аст, ки зимни сафар як қатор иншооти соҳаи маорифу фарҳанг, варзишу тандурустӣ ва корхонаҳои саноатӣ ба истифода дода мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ