Президенти Лаҳистон Анжей Дуда гирифтори коронавирус шуд
Президенти Лаҳистон Анжей Дуда аз бемории коронавирус сироят ёфтааст. Дар ин бора роҳбари котиботи ӯ Павел Шрот хабар медиҳад.
«Дар робита ба ҳолатҳои беморӣ дар котиботи президент ва муҳити атрофаш, президент Анжей Дуда аз санҷиши COVID-19 гузашт, ки натиҷаи мусбат дод»,- навиштааст Шрот дар “Твиттер”.
Ӯ ҳамзамон зикр намудааст, ки Дуда худро хуб ҳис мекунад ва давраи бемориро дар шакли сабук гузаронида истодааст.
Гуфта мешавад, ки Дуда қаблан бар зидди COVID-19 бо се вояи ваксина эмгузаронӣ карда буд.
Қаблан президенти Мозамбик Филипе Нуси низ гуфта буд, ки дар ӯ ва ҳамсараш сирояти бемории коронавируси COVID-19-ро муайян кардаанд.
Подшоҳ ва маликаи Шветсия пас аз се ваксинагирӣ ҳам ба коронавирус гирифтор шуданд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ