Президенти Ла Лига: То охири май ягон бозии Чемпионат доир намегардад
Хавйер Тебас президенти Ла Лига таърихи баргузории бозиҳои Ла Лигаро эълон намуд. Хабар медиҳад BBC.
Ба гуфтаи Тебас то 28-уми май ягон бозии Чемпионат доир нахоҳад шуд. Инчунин ӯ қайд кардааст, ки бозиҳои Ла Лига рӯзи 6-ум ё 28-уми июн барпо хоҳанд шуд. Ҳамин тавр дастаҳо дар охирҳои моҳи апрел ба тамрин бармегарданд.
Ёдовар мешавем, ки бар асари хуруҷи коронавирус ҳамаи мусобиқаҳои футбол дар Испания ба муҳлати номуайян ба таъхир гузошта шуда буданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ