ПРЕЗИДЕНТИ ММА КИСТ? Се қадами Дэйна Уайт барои сохтани худ
Як нафаре аст, ки ҳаводорони варзиши бидуни қоида (ММА, UFC) зиёдтар аз ҳамаи варзишгарони ин самт мебинандаш. Ӯ доир ба ММА ба хабарнигорон мусоҳиба медиҳад, ба ғолибон миёнбанд мебандад, нишастҳои матбуотии варзишгаронро барпо мекунад. Кист ӯ?
Паси парда
Ӯ макону замони мусобиқаҳои байналмилалиро бо иштироки варзишгарони раддаи аввал муайян мекунад, ӯ макону замони мусобиқаҳоро тағйир медиҳад, ӯ танқид, таҳқир, бадгӯйӣ ва дашном мешунавад ва каме ҳам бошад, сухани хуб.
Варзишгарон ба майдон меоянду мераванд, ғолиб мешаванд, мағлубият насибашон мегардад, миллионҳо доллар фоида ба даст меоранд, фаъолияташон дар ин самт ба анҷом мерасад ва аз чашми мухлисони ин навъи варзиш дур мешаванд, вале дар ҳама мусобиқаҳо камераҳо як нафарро нишон медиҳанд, ки он президенти ММА Дэйна Уайт мебошад.
Бо сабабе ки муҳорибаи Ҳабиб ва Тони наздик аст ва ҳоло пас аз коронавирус мавзӯи хабарсоз ҳамин аст, дар мавриди Дэйна Уайт ВАО ахбори зиёд нашр карда истодааст, хуб мешавад, ки ҳаёти ин мардро варақ занем, зеро дар ҳоли ҳозир номбурда аз шахсиятҳои калидии варзиши ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад.
“Мотиватсия” аз модар
Вақте ки аз куҷо будани Дэйна Уайтро мепурсанд, ӯ дар ҷавоб додан танқисӣ мекашад. Дэйна Уайт 27 июли соли 1969 дар Манчестер таваллуд шудааст. То 11-солагӣ дар Бонстен зиндагӣ кардааст. Аз синфи 5-уми дар Вегас ва мактабро дар Хирмане хатм кард.
Асосан модараш ӯро ба воя расонидааст ва ин ҳам бошад, қисми зиёди вақт ӯ ҳамроҳаш набуд, зеро модараш барои таъмини рӯзгор бисёр кор мекард. Дэйна Уайт дар ин айём бисёр кӯчагардӣ мекард. Дар мактаб бад мехонд ва ба қавле аз ҳеҷ як ҷанги кӯча қафо намемонд.
“Модари ман такрор карданро дӯст медошт. Ҳар гоҳе ки хуб нахондану оворагардии маро медид, мегуфт: “Бихон, нағз бихон, ки дар оянда мисли падарат дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ба кор даромада, ба мошинҳо сӯзишворӣ мерезӣ”. Шукр, ки ин гуфтаҳои модарам ба ман чӣ хостану мақсад гузоштан дар зиндагиро омӯзонданд. Ва ман аз ҳамон вақт медонистам, ки аз давоми умрам чӣ мехоҳам. Чӣ хостанатро донистан ин бисёр кори бузург аст”, — мегӯяд Дэйна Уайт.
Қадами аввал барои сохтани худ
Дэйна Уайт дар кӯдакиву наврасӣ зиёдтар орзуи муваффақ шуданро мекард, вале дар он айём ба чизе муяссар нагашт. Вай пас аз андаки таҳсил дар Донишгоҳи Бонстен фаҳмид, ки таҳсил барои ӯ нест ва давом дода наметавонад. Вай мактаби олиро партофта, ба дилхоҳ коре, ки барои пешбурди рӯзгор мусоидат мекард, машғул шуд: роҳсоз шуд, дар меҳмонхона кор кард, дар қаҳвахона кор кард ва ронанда шуд.
“Ман, вақте ки дар меҳмонхона кор мекардам, пули нағз меёфтам, вале хушбахт набудам ва он ҷоро ҳам тарк кардам…”, — гуфтааст дар як мусоҳибаи телевизионӣ.
Дэйна Уайт ба хулосае омад, ки ӯро бокс хушбахту хурсанд мекунад ва барои муваффақ шудан, тайи чанд соли оянда тамоми паҳлуҳои боксро санҷид. Аз ҷумла, тренер-менеҷер дар варзишгоҳҳо шуд, ба кору пайкори тамрингоҳҳо банд шуд ва ҳатто барномаи боксёриро барои кӯдакони маъюб омода кард.
Қадами дуюм барои сохтани худ
Дар Бонстен, бо сабабҳои ба худи Дэйна Уайт норавшан, нафарони шахсияташон номаълум таҳдид мекунанд ва пул мехоҳанд. Ин замон Уайт ба наздиктарин ҳавопаймои Вегас чипта мехарад ва макони кору зисташро иваз мекунад.
Вегас шаҳри калон ва серроҳе буд, ки Дэйна Уайт ҳаматарафа метавонист роҳашро ёбад. Ӯ дар ин шаҳр ба воситаҳои гуногун ба ММА роҳ ёфт. Дар чанд мусобиқаҳои аввали он саҳм гузошт. Баъд дид, ки аҳволи ММА бисёр бад аст ва эҳтимолияти аз миён рафтанаш вуҷуд дорад. Дар ин вақт Дэйна Уайт бо Боб Меверитс, соҳибмулки ММА мулоқот карда, фаҳмид, ки номбурда онро фурӯхтан мехоҳад ва ӯ бо Лоренсо Ферттит вохӯрда, ӯро барои харидорӣ кардани ММА розӣ кунонд. Ҳамин тавр, январи 2001 бародарон Фертиттҳо бар ивази 2 миллион доллар ММА-ро хариданд ва президенташ Дэйна Уайт таъин шуд.
Он замон муҳорибаҳои ММА-ро ба намоиш гузоштан манъ буд. Ҳамагон ба ақидае буданд, ки дар майдон варзишгарони чунин навъи варзиш якдигарро мекӯшанд. Вале бо кӯшишҳои роҳбарияти нав, хусусан Дэйна Уайт фаҳмиши мардум дигар шуд. Оҳиста-оҳиста сарпарастон пайдо шуданд. Муҳорибаҳо зиёд шуданд ва аз пушти варзишгарон пулхобонӣ шурӯъ шуд. Пас аз ин ВАО ба муҳорибаҳои ММА таваҷҷуҳ кард: онҳоро реклама кард, мусоҳибаҳо пахш кард ва ба такрор нишон дод. Дар моҳи июли соли 2016 Ферттитҳо ММА-ро ба 4 миллиард доллар фурӯхтанд, вале президент иваз нашуд.
Қадами сеюм барои сохтани худ
Дэйна Уайт мегӯяд: “Мо ҳамаамон тамоми умр расидани рӯзеро интизор мешавем, ки дар он мо амал карда, ба мақсадҳоямон бирасем, аммо бовар кунед, ба нишастану орзу кардан ҳеҷ вақт он рӯз меҳмони мо намешавад. Балки мо бояд имрӯз, ҳозир, ҳамин соату дақиқа аз ҷоямон хезем ва амал кунем. Ҳамон амалеро, ки моро ба мақсадҳоямон наздик карда, оқибат онҳоро амалӣ мекунад”. Яъне ҷавҳари сухани Дэйна Уайт ҳамин аст, ки биёед, амал кунем. Ва ин ҳамон сухан бузурги Дейл Карнегӣ аст, ки гуфта буд: “Рӯзи муваффақ шудан пагоҳу пасфардо не, балки имрӯз аст, имрӯзро истифода кун”.
Ба ҷойи хулоса
Ҳоло Дэйна Уайт яке аз шахсиятҳои маъруфи олами варзиш ба шумор меравад. Ӯ дар мусоҳибаҳои охираш гуфтааст, ки ба орзуҳои давраи кӯдакиву наврасияш расидааст ва барои боз ҳам ҷолибтар кардани зиндагии худ, варзишгарон ва ҳаводорони ин намуди варзиш нақшаву ниятҳои зиёд дорад, ки онҳоро дар солҳои наздик амалӣ мекунад.
Дар зер ба хонандагони ҳафтаномаи “Тоҷикистон” чанд савол пешниҳод мекунем:
— Агар Дэйна Уайт президенти ММА намешуд, оё ММА то ин андоза маъруфу серҳаводор мешуд?
— Ҷойгузини Дэйна Уайт кӣ буда метавонад?
— Аз бурдубохти ММА ба мо чӣ фоидаву чӣ зарар аст?
Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ