Президенти Молдова муваққатан барканор шуд

Суди конститутсионии Молдова Игор Додон, раиси ҷумҳури ин кишварро муваққатан аз мақомаш барканор карда ва Павел Филипро иҷрокунандаи ин мақом таъйин кард.

Суди конститутсионии Молдова Игор Додон, раиси ҷумҳури ин кишварро муваққатан аз мақомаш барканор карда ва Павел Филипро иҷрокунандаи ин мақом таъйин кард.

Нахустин фармони Филип пароканда кардани парлумон ва эълони интихоботи қабл аз муддат дар моҳи сентябр буд.

Пас аз интихоботи парлумонӣ дар моҳи феврал вакилон дар мавриди ташкили ҳукумат ба мувофиқа нарасидаанд. Ҳукумати қаблӣ аз ҳизби демократ бо президент мухолифат дошт.

7 июн Суди конститутсионӣ Игор Додонро муваззаф кард, ки ба далели дар муддати се моҳи муқарраршуда ташкил карда натавонистан парлумонро пароканда кунад, вай итоат накард.

Аз замони президент интихоб шудан Игор Додон бори шашум ба қарори Суди конститутсионӣ муваққатан аз мақомаш барканор мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *