Президенти нави Қазоқистон кист?

Қосим-Жомарт Камолович Тоқаев (ба қазоқӣ: Қасым-Жомарт Кемелұлы Тоқаев) 17 майи соли1953 дар шаҳри Алма-Ато ба дунё омада, хатмкардаи ду донишгоҳи муътабари вазорати корҳои хориҷии СССР – МГИМО (соли 1975) ва Академияи дипломатӣ (соли 1991) мебошад.

Қосим-Жомарт Камолович Тоқаев (ба қазоқӣ: Қасым-Жомарт Кемелұлы Тоқаев17 майи соли1953 дар шаҳри Алма-Ато ба дунё омада, хатмкардаи ду донишгоҳи муътабари вазорати корҳои хориҷии СССР – МГИМО (соли 1975) ва Академияи дипломатӣ (соли 1991) мебошад. Доктори илмҳои сиёсӣ.

Сарвазири собиқи Қазоқистон (1999-2002), вазири собиқи корҳои хориҷӣ (1994-1999, 2002 -2007), раиси Сенат (2007-2011 ва аз 16 октябри соли 2013), муовини дабири кулли Созмони Милал (2011-2013).

Падари Қосим-Жомарт Тоқаев – Камол Тоқаев(1923—1986) собиқадори Ҷанги бузурги ватанӣ ва адиби шинохтаи қазоқ буд. Модараш Турар Шабарбоева (1931—2000) дар Донишкадаи педагогии забонҳои хориҷии шаҳри Алма-Ато кор мекард.

Қосим-Жомарт Тоқаев соли 1975 баъди хатми Донишкадаи давлатии равобити байналмилалии Маскав (МГИМО) дар вазорати корҳои хориҷии СССР ба кори дипломатӣ пардохт ва то соли 1991 дар ин вазорат, асосан дар сафорати Шӯравӣ дар Пекин кор кард.

Соли 1991 ба Академияи дипломатии вазорати корҳои хориҷии СССР дохил шуд ва соли 1992, баъди хатми ин донишгоҳ, ки дигар СССР барҳам хӯрда буд, ба Қазоқистон баргашт ва муовини вазири хориҷии ин кишвари тозаистиқлол таъйин шуд. Тоқаев соли 1993 ба мақоми муовини аввали вазири хориҷа расид ва соли 1994 вазири корҳои хориҷии Қазоқистон шуд.

Ӯ моҳи марти соли 1999 муовини сарвазир ва худи ҳамон сол сарвазири Қазоқистон таъйин шуд. Соли 2002 баъди тарки мақоми роҳбари ҳукумат аз нав Котиби давлатӣ – вазири хориҷаи Қазоқистон таъйин шуд ва то соли 2007, 5 соли дигар роҳбарии идораи сиёсати хориҷии ин кишварро бар дӯш дошт.

Солҳои 2007-2011 Қосим-Жомарт Тоқаев бори аввал раиси Сенат – маҷлиси болоии парлумони Қазоқистон интихоб шуд ва то соли 2011 дар ин симат кор кард.

Соли 2011 ӯ ба мақоми муътабари муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва мудири кулли шуъбаи Созмони Милал дар Женева таъйин шуд. Ӯ ҳамчунин дабири кулли Анҷумани халъи силоҳ ва намояндаи дабири кулли Созмони милал дар ин ниҳоди бонуфузи ҷаҳонӣ буд.

Қосим-Жомарт Тоқаев соли 2013 бо анҷоми маъмурияти дипломатиаш дар Созмони Милал боз ба Қазоқистон баргашт ва рӯзи 16 октбяри ҳамон сол дубора раиси Сенат интихоб шуд.

Қосим-Жомарт Тоқаев ба забонҳои қазоқӣ, русӣ, англисӣ ва хитоӣ озодона суҳбат мекунад ва забони фаронсавиро низ медонад. Тоқаев як писар дорад.

Ӯ доктори илмҳои сиёсӣ буда, пиромуни масоили равобити байналмилалӣ 9 китоб навиштааст.

Ҷамъияти ҷуғрофии Русия ӯро ба рӯйхатти «Одами сол-2018” ворид карда буд. Қосим-Жомарт Тоқаев 13 сол президенти Федератсияи тенниси рӯимизи Қазоқистон буд.

Аз тарафдорони содиқи сиёсати Нурсултон Назарбоев ба шумор рафта, дар маврииди сохти сиёсии Қазоқистон чунин ақида дорад: «Президенти қавӣ, парлумони муътабар ва ҳукумати масъул.»

Қосим-Жомарт Тоқаев бо фармони Нурсултон Назарбоев аз 20 марти соли 2019 иҷрокунандаи вазифаи президенти Ҷумҳурии Қазоқистон таъйин шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *