Президенти собиқи Афғонистон фирорашро аз Кобул шарҳ дод
Президенти собиқи Афғонистон Ашраф Ғанӣ дар барномаи Today-и шабакаи радиоии BBC Radio 4 изҳор дошт, ки фирори ӯ аз Кобул ба хотири ҷилавгирӣ аз тахриби ин шаҳр зарур буд. Суханони сиёсатмадорро бахши русии Би-би-сӣ иқтибос овардааст.
Ғанӣ барои нахустин бор дар бораи фирор аз Афғонистон изҳори назар кард. Вай гуфт, ки субҳи 15-уми август вақте аз хоб бедор шуд, хабар надошт, ки чӣ мешавад ва танҳо дар як ҳавопаймо дар самти парвоз аз Афғонистон ба Ӯзбекистон ба худ омад.
Ғанӣ фирори худро чунин шарҳ додааст: «Ду гуруҳи гуногуни толибон аз ду ҷониб пеш омаданд. Таҳдиди азиме вуҷуд дошт, ки миёни онҳо муноқишаи васеъмиқёс сар задаву боиси харобии шаҳр ва бесарусомонии зиндагии мардум хоҳад гардид».
Вай афзудааст, ки маблағи калонро аз кишвар берун набаровардааст. “Ҳама медонанд, ки ман чӣ гуна зиндагӣ мекунам. Бо пул чӣ кор кунам?”,- гуфтааст собик президент.
Ғанӣ ҳамчунин гуфтааст, ки сабаби суқути ҳукуматаш тавофуқ миёни Толибон (созмони террористии дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ) ва президенти пешини ИМА Доналд Трамп дар бораи хурӯҷи неруҳои амрикоӣ аз Афғонистон будааст. «Ба ҷои раванди сулҳ, ба мо раванди ақибнишинӣ насиб гардид»,- афзудааст ӯ.
Дар натиҷа, ба гуфтаи сарвари собиқи давлат, табаддулоти хушунатбор ба амал омадааст, на созиши сиёсӣ. «Корҳои тӯли зиндагӣ анҷомдодаи ман барбод рафт. Арзишҳои ман поймол шуданд. Маро қурбонӣ карданд”,- гуфт ӯ ва изҳор дошт, ки омода аст масъулияти суқути Кобулро бар дӯш гирад.
Бояд гуфт, ки толибон дар боби тамоми қаламрави Афғонистонро зери назорат гирифтанашон 15-уми август эълон доштанд. Ғанӣ худи ҳамон рӯз тариқи Ӯзбекистон ба Аморати Муттаҳидаи Араб парвоз карда, кишварашро тарк намуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ