Президенти Тоҷикистон қиблаи мусулмононро зиёрат кард

Имрӯз, 19-уми июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қабл аз иштирок дар нахустин вохӯрии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ аз шаҳри Ҷидда ба шаҳри Маккаи Подшоҳии Арабистони Саудӣ ташриф овард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Маккаи мукаррама қиблаи мусулмонон — Каъбаро зиёрат кард.

— Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон либоси хоси маросими ҳаҷ — эҳромро ба бар карда, вориди хонаи Худо гардида, дохили Каъбатуллоҳ 2 ракъат намози нафл хонданд. Сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ бо 7 маротиба давр задан дар гирди хонаи Каъба, яъне тавофи қиблаи мусулмонон дар рӯйи замин, ба ҷо оварданд. Пас аз тавофи хонаи Каъба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пушти мақоми пайғамбар Иброҳими Халилуллоҳ, ки дар як паҳлуи Каъбатуллоҳ аст, 2 ракъат намози нафл хонданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати ҳамроҳ пас аз адои намоз барои пешрафту шукуфоии ояндаи Тоҷикистон — хонаи умеди ҳамаи тоҷикони ҷаҳон ва сарҷамъию осудагии мардуми шарифи тоҷик дуои хайр карданд. Сипас, Пешвои миллат дар назди чоҳи замзам бо як ҷаҳон орзуву ниятҳои нек аз оби замзам нӯши ҷон намуда, ба пояи куҳи Сафо баромаданд, то дар саъйгоҳ, яъне миёни куҳҳои Сафо ва Марва 7 маротиба рафтуо кунанд. 4 бор аз Сафо то Марва ва се бор баръакс ҳаракат бояд кард. Баъди анҷоми саъй дар пояи куҳи Марва мӯйи сар бояд тарошида ё кӯтоҳ карда шавад. Бо амалӣ намудани ин рукн маросими умраи ҳайати Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом ёфт,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *