Президенти Тоҷикистон ба Русия сафар мекунад

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  ширкат хоҳад кард. Ҷаласаи мазкур 7 – 8 октябр дар шаҳри Маскав баргузор мегардад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 7-8 октябр аз Маскав дидан мекунад, ки дар он сарони кишварҳои ИДМ дар ин Шӯро ширкат мекунанд.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Маскав бо раҳбарони кишварҳои ИДМ як қатор мулоқотҳои дуҷониба низ анҷом хоҳад дод.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Президенти Русия Владимир Путин бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суҳбати телефонӣ дошт.

Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон омодагиҳо ба нишасти дарпешистодаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки дар Маскав баргузор мешавад, баррасӣ карданд.

Аз 1 январи соли 2024 раёсати ин иттиҳод ба Русия гузаштааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *