Президенти Тоҷикистон оид ба муҳоҷирон ва паради Маскав

Владимир Путин, президенти Русия аз Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар Маскав истиқбол карда, муҳимияти масъалаи муҳоҷиратро таъкид намуд
Владимир Путин дар хитоб ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки бидуни шак масъалаи муҳоҷират муҳим аст ва ҳассосияти онро барои Тоҷикистон медонад.
“Албатта, масъалаи муҳим, ки шумо ҳамеша онро матраҳ мекунед, ин масъалаи муҳоҷирони меҳнатӣ аст. Медонам, ки ин як масъалаи ҳассос барои Тоҷикистон аст. Мо ҳама кори имконпазирро анҷом медиҳем, то одамон худро роҳат ҳис кунад. Алалхусус ҳозир, ки дар бархе соҳаҳои иқтисодиёт коргар намерасад”, — изҳор дошт президенти Русия.

Путин инчунин бо зикри он, ки муҳоҷирон ҳаҷми зиёди маблағро барои дастгирии оилаҳояшон мефиристанд, афзуд, ки ин як раванди комилан мусбат аст.
Путин ҳамнчунин гуфт, ки бинобар пандемия иҷорат каме коҳиш ёфтаст. Ӯ изҳори боварӣ намуд, ки он дубора рушд хоҳад кард, чун заминаҳо барои ин ҷой доранду лоиҳаҳои хубро рӯи даст гирифтаанд.

Президенӣт Тоҷикистон феълан дар шаҳри Маскав қарор дошта, имрӯз, 9 май дар гузашти низомӣ дар Майдони Сурх иштирок кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *